Дар дидаи хаёл ту нигорем дигар бор

Бар ёди лабат умр гузорем дигар бор

Ҷоно хабарат нест ки аз шиддати ҳиҷрон

Мо дар ғами дидор ту зорем дигар бор

Аз шавқи рух чун гули дилбар ба гулистон

Чун булбул шӯрида ҳазорем дигар бор

Аз меҳри рухи хуби ту эй хусрави хубон

Дар водии ҷони меҳр ту корем дигар бор

Аз давлати васлаш ба гулистони муродам

Дар дида ӣ душман ҳама хорем дигар бор

Ҳар чанд ки безор шудӣ аз ман маҳҷӯр

Ҷонро ҳаваси васл ту дорем дигар бор

Мо мастии васл ту надидем валикин

Аз бодаи ҳиҷр ту хуморем дигар бор

Дай аз ман бечораи рабӯдии дилу барадӣ

Имрӯзи дилӣ хаста надорем дигар бор

Аз рафтан дил нест маро бо ту ҳисобӣ

Гар май талабӣ ҷон бисипорем дигар бор

Ҳар чанд азизи дили мисрӣ ба ҳақиқат

Чун хок чаро пеш ту хорем дигар бор

Гарчи ба сарангушти ҷафои хӯни дилами рехт

Мо бандаи он даст ва нигорем дигар бор

Дар боргаҳи шоҳи ҷаҳон аз ғамат эй дил

Сад нола ва фарёд барорем дигар бор