Манам чун гӯии саргардон ба гирди кӯии он дилбар
зи тоби зулфи чавгон вааш ки моро мезанад бар сар
Ба иди давлати васлаши дил ва ҷон мекунам қурбон
Фидоӣ рӯй зебояш набояд кард азин камтар
Ба зулмоти шаб зулфаш шудам гмраҳ наме донам
Ки нури рӯзи рухсораш куҷо гардад марои раҳбар
Ба анбар кардаам ташбеҳи зулф ӯ хиради гуфто
Куҷои нисбати тавон кардани сари он зулф бо анбар
Ба ҷои ман басӣ бошад туро дилбар вале донам
Ман мискин надорам дар ҷаҳони ҷузи ту каси дигар
Ба ҳоли зори ман бахшой ва бар чашмони хӯни боРом
Ки хӯн май резад аз ҳиҷрони ту бар рӯй ҳамчун зар
Зар ва гавҳар намедорам дареғи андари фироқи ту
Ҷавониро фидо кардам маро аз дарди дили вохр
Ба васлати шоди гардонами закоти ҳасану хӯбӣ ро
Чаҳ бошадгар чу сарви нози оеи як шабӣ дар бар
Ба ёди ҳалқа ӣ зулфу даҳони танги ширинат
Чу ҳалқа ҳар замон аз ғами сари худ май занам бар дар
Шабӣ бар мо гузашт ва ҳам назар бар ҳол зорам кард
Дуоӣ давлаташ гуфтам ки аз ҷону ҷаҳон бар хур