Дар афтодам ба ишқ ӯ зи тақдир
Мусулмонони мусулмонон чаҳ тадбир
Чунонам бар висолаши орзӯманд
Ки бигузаштаст аз таҳриру тақрир
Худовандо ту ёди ишқи хубон
зи ҷони мо ба лутф хеш баргир
Чаро дар ишқ ӯ аз худ хабар нест
Чаҳ чора чун чунин рафтаст тақдир
Чаҳ бозӣ мекунад бингар ту аз давр
Фиғон аз ҷаври ин чархи куҳани пер
Ба ҷон омад дили ман аз фироқаш
Шудаи меҳри рухи хубаши ҷаҳонгир
Аҷаб гар нашнавӣ эй нури дида
Фиғону нолаҳои мо ба шабгир