эй мусулмонон бутӣ дорам ба ғояти дилпазир

Чобуку раъноу чусту нозанину дилпазир

Сабр фармоед маро дар ошиқии он бе вафо

То кӣ охири Тифли мискин сабр битавонад зи шер

Васли ёри нозанину хилватии ҷӯй аз рақиб

эй ҷавонгар ҳуши дорӣ гӯш кун аз ақли пер

Дар ман ин айбаст охир чун зи сар берун кунам

Ман з рӯй хубу бонг чанг бошам ногузир

Дил сипар кардам надодами таркиш аммо то ба кӣ

Чун камонам гуҳ кашад гуҳ даврам андозад чу тир

Рӯзи васли дилбаронро қадар чун нашинохтӣ

эй дили бечора чун ҳиҷрон даромад бозгир

Чун талабкори висоли каъбаи ҷонони манам

Бошад андари роҳи мо хори муғелон чун ҳарир

Гар навозади як шабами охир чаҳ нуқсон оядаш

Гар ҷаҳон равшан шавад аз васли он моҳи мунир