Дил аз даврони гетии шоди бодат

зи ғамҳои ҷаҳони озоди бодат

Мабодои ёдам аз ёдати фаромӯш

Ҳамеша аҳду паймони ёди бодат

Ҳамеша дар сробстони ҷонам

Қаду болой чун шамшоди бодат

Ҳамеша длбро аз пери маънӣ

Вафоу меҳри мо иршоди бодат

Бигӯ то кӣ кунӣ ин ҷавру бедод

Пушаймонии азин бедоди бодат

Худовандо сарои меҳрбонӣ

Ҳамеша дар ҷаҳони ободи бодат

Ғизои рӯҳи мо андари мусалло

зи оби сарви ркнободи бодат