Чун ман надорам ҷузи ту каси ҷуз ту надорам ҳечкас

Фарёд хонам бар дарат охир ба фарёдам барис

Ошуфтаам чун мӯии ту бар орзӯӣ рӯй ту

Саргаштаам дар кӯии ту бар ту надорам дасти рас

Гуфтам зи лаълат хастаам як шарбати обии даҳ маро

Омад ба гӯшам зон ду лаби гуфто ки моро аз ту бас

Киштӣ дар афкан эй дил мискин бибин дар баҳри ғам

Сайли фироқашро ки чун бигирифт моро пеш ва пас

Гарчи туе фориғи зи мо моро муяссар чун шавад

Даврии з рӯй маҳвашат эй нури дидаи як нафас

То дили ҳавоӣ май барад дар дидани дидори ту

Ин дида ӣ маҳҷӯрро хобаш наёяд аз ҳавас

Дар орзӯӣ рӯй чу гулбарги ту дар субҳдам

Фарёди шавқӣ май занам монанди булбул дар қафас

Холии з анбар кардае бар лаъли ҷони бахшати яқин

Шукри фурӯашони лабат холӣ набошанд аз магас

Кардам ҷаҳонӣ дар сарат сар кардае бо мо гарон

Зулмии чунин эй нозанин ҷоиз надорад ҳечкас