Ту ҷӯрӣ мекунӣ бар ман зи ҳад беш

Макун зин беш ва аз оҳам биандеш

Маро ришаст дил аз ҷаври айём

Ту ҳам бар риши ман ҷоно мазан неш

Намак аз лаб мазан бар риши ҷонам

Намаки мушкил тавон зад бар сари риш

Биё эй ид рӯй моҳрӯён

Ки то қурбон шавам ҳар дами дарин кеш

Ҷафо то кӣ барам дар дарди ишқат

Ман бечора аз бегонау хеш

Ту султонӣ ва ман дарвеши мискин

зи баҳри ҳақ назар мекун ба дарвеш

Ба дил гуфтам биравгар байняш рӯй

Фидо кун дар ҷаҳони ҷон ва миндиш