Гар ба ҷонӣ май фурушади васли хеш
Ман надорам ним ҷонӣ низ беш
Гар қабулаш мекунад қурбон кунам
Ман дареғ аз вай надорам ҷони хеш
Марҳамӣ на бар дили мискини ман
Каз ғами ҳиҷрон дилӣ дорем риш
Чун дилам ришаст дар ҳиҷрони ту
Бар сар ришам мазан зинҳори неш
Дил чу медорам ба ишқати длбро
Ояти ҳиҷрон ту хондам зи пеш
Ман надорам хеш ва гар бошад яқин
Раҳмати бегона ба бошад зи хеш
Кешам он бошад ки қурбонаш шавам
Барнагардад то ҷаҳон бошад зи кеш