Осӯда нест хотирам аз рӯзгори хеш
Пайваста дар таҳайюрам аз кору бори хеш
Дидам ҷафоу ғурбати он ҳам ғариб нест
Ҳолам бибин ки чун гузарад дар диёри хеш
Баргаштаам зи ёр ва саргаштаам кунун
Инаши ҷазо буд ки бигардади зи ёри хеш
Ҳар чанд чарх бо ман мискин ситеза кард
Навмед нестам з дар кирдигори хеш
Дастам агар на чун камараш дар миён равад
Хӯни дил аз ду дида кунам дар канори хеш
Лаъли ту об ҳаётаст ташна ро
Обӣ ба лаби расони зи лаби обдори хеш
Ҳастам ба коми душман ва он ёри санги дил
Рӯзӣ накард ёдии азин дўстори хеш
Умедвор бар дар васлаш нишаста ам
Раҳмӣ кун эйнигор ба умедвори хеш
Гўиндм эй ҷаҳони зи ҷаҳонат чаҳ ҳосиласт
Ҳосил надоматаст кунунам зи кори хеш