Додам ба дастати мискини дили риш

Бо ту чаҳ гӯям ҳоли дили хеш

Мискин дилам шуд риш аз ҷафоят

Бар риш дорам ҳар лаҳзаи сад неш

Султони ҳасанӣ аз рӯй лутфат

Раҳмӣ бифармо бар ҳоли дарвеш

Иди рахтро эй нури дида

Ҷонро ба қурбон дорам дарин кеш

Зору нзорм аз дарди ҳиҷрон

Аз ҳоли зорам рӯзӣ биандеш

Бар ман ситамҳо берун шуд аз ҳад

Мапаснд ҷоно охир биандеш

Аз бас ки зорӣ кардам зи ишқат

Бар ман ббхшўди бегонау хеш

Кори ҷаҳонӣ яксар харобаст

Машну нигорои қавли бидонадяш