Ба ҷон расед дили ман зи гардиши афлок
Шудаст ҷомаи сабрами зи дасти ҳиҷрони чок
зи нўшдорўии васлам ба ҷони расони врнӣ
Чу ҷон расед ба лаби ҳосилам чаҳ аз тирёк
Агарчӣ тарки ман хастаи дил нигор бигуфт
Ба тарк дӯст нагӯям ба ҷон ӯ ҳошок
Агар кунам гузарӣ бар дилаш аҷаб набӯд
Чаро ки дар дили дарё гузар кунад хошок
Зулоли васли тавъам дар даҳон ҷон бошад
Ҳазор сол чу хуфтам ҳануз дар дили хок
Агар ба ваъдаи васлат умед хоҳад буд
Марои зи таънаи бдгўӣ ва аз рақиб чаҳ бок
Шикори теғи фироқати магари манам ба ҷаҳон
Чу киштем ба ҷафо ҳам бабанд бар фитрок