Ҷони фидои роҳ ишқаш карда ам

Дил чу зулф ӯ мушавваш карда ам

Орзӯ дорам ки гирам дар буриш

Ростии андеша хуш карда ам

Ман ба буии зулфи ънбрёр ӯ

Аз насими субҳдам ғаш карда ам

Ман бидон кешам ки қурбонаш шавам

То напиндорӣ ки таркиш карда ам

Дар таманнои ту эй оби ҳаёт

Ин дили сӯзон бар оташ карда ам

Ман ҷаҳониро ба ёди лаъли дӯст

Аз шароби ишқ сархуш карда ам

Кӯии ишқ ӯ мубораки мнзлист

Зон сабаби онҷо фурӯкаш карда ам