Ба буии зулфи ту девонаи гаштам
зи хешу ошнои бегонаи гаштам
зи шодии даври гаштам дар фироқат
Ба дарди ишқи ту ҳамхонаи гаштам
Чу шамъи ҷамъи ҷонӣ дар шабистон
Аз он рӯ бар рахти парвонаи гаштам
Басӣ дар баҳр бе поёни ишқаш
Ба ҷусту ҷӯии он дурдонаи гаштам
Чу мурғи зираками афтода дар дом
Асири банди зулфу донаи гаштам
Надидам як замони коми дил аз ёр
Ба ишқаш дар ҷаҳони афсонаи гаштам
Хароби ободи дунёро вафо нест
Басӣ дар гирди ин вайронаи гаштам
Ба буии зулф ънбрсош умрӣаст
Ба гирди кӯии он ҷононаи гаштам