Аз он замон ки ман он рӯй чун қамар дидам

Дили заъифи худ аз ишқ бехабар дидам

Ҳаловатӣ ки дар он чеҳра нигорин аст

Қисм ба ҷони ту дар моҳу хур агар дидам

зи хӯни дили рақамӣ аз сиришк чун симоб

зи дарди ишқи ту ҷоно ба рӯй зар дидам

Қарор нест маро чун ду зулф аз рухи ту

Ба ҷони дӯст аз он дам ки як назар дидам

Касе надид магари марги хештан ба ду чашм

Биё ки рӯзи фироқат ба чашм ва сар дидам

Ба кӯҳу дашти ҳамеи гаштам аз фироқи рахт

зи ашки дида ӣ мо об то камар дидам

Дигар зи кӯии ту моро сафар нахоҳад буд

Аз он бало ки зи болот дар сафар дидам

Ҷаҳон ва ҳарчӣ дар ӯ ҳаст сар ба сари доне

Набӯд ҳамтем эй дӯст мухтасар дидам

Аз ин сабаб ки назар кардам аз сари таҳқиқ

Ҷаҳону кори ҷаҳони ҷумла дар гузар дидам