Нигории чобук ва дилбанд дорам
Дилу ҷон дар ғамаш дар банд дорам
Ба умеди висоли он гули андом
Дили бечораро хурсанд дорам
Ду дида бар сари роҳи висолат
Бигӯ эй нури дида чанд дорам
зи рухсору лаби ошиқи фиребат
Ба дарди дили давои гул қанд дорам
Ба рухсор чу оташи чашми бад ро
Дилу ҷону ҷаҳон Исфанд дорам
Ба мурғ дил бигуфтам рӯи ҳавои гир
Бигуфт аз зулф ӯ побанд дорам
Дилам пурхӯн ҳиҷронаст борӣ
Ҷафо бар ҷон аз он дилбанд дорам