Дило ман орзӯӣ ёр дорам
Ҳавои кӯии он дилдор дорам
Бутам гарчи раҳи дидори дарбаст
Ҳануз андеша ӣ дидор дорам
Агарчӣ чашм бахтам монад дар хоб
Ду дида дар ғамаш бедор дорам
На дар ҳиҷраши шикебеи тавонам
На бо дардаш касе ғмхўор дорам
Ба ҳоли зори ман огаҳ надорад
Ки бар ҷон аз ғамаш озор дорам
Агар васлаш надорад кор бо ман
Маниш бо ҳиҷри борӣ кор дорам
зи тири ғамзааш дар шасти абрӯ
Тании зору дилӣ аФгор дорам
Чу бахт аз суҳбати ёрам ҷудо кард
Зарурати кор бо ағёр дорам
Шудам чун наргисаши бемор ва дар дил
Ғами он наргис бемор дорам