Надорам бе ту барг ҷон надорам

Ғами ишқи туро пинҳон надорам

Хабари дорӣ ки дар шабҳои торӣ

Ба дарди ишқи ту дармон надорам

Ғами ту оташӣ дар ҷон мо зад

Бигӯ чун нола ва афғон надорам

Агар олами саросар ҳур бошад

Биҷузи майли рух ҷонон надорам

Чу хоҳад рафт сар дар пои ҷонон

Ҳамон беҳтар ки ман сомон надорам

Бро эй офтоби васли ҷонон

Ки сари андари шаб ҳиҷрон надорам

Ба васлати як замон бинавоз мо ро

Ки бе рӯй ту барг ҷон надорам

Ба ҷон омад ҷаҳон аз дасти ҳиҷрон

Казин пас сабр бепоён надорам