Бар нури шамъи рӯяти парвона ӣ ҳақирам
Бар оташи ҷамолат то кӣ чунин бимирам
То кӣ маро бисӯзӣ бар оташи фироқат
Аз давлати висолати як лаҳзаи дасти гирам
Парвонае бар оташ ночор ме бисӯзам
Чун аз ҷамоли рӯят эй дӯсти ногузирам
Дар вақти ҷони супурдангар бар лабам наҳй лаб
эй об зиндагонӣ бошад ки ман намирам
Бар хоки ман чу рӯзӣ уфтад гузорат эй ҷон
Даст аз лаҳад бар орм то доманат бигирам
эй подшоҳи хубон бар ҳоли ман бибахшоӣ
Раҳмӣ бикун худоро каз васли ту фақирам
Дарӣаст дар ҷаҳонам бар дили зи рӯзи ҳиҷрон
Ҷузи давлати висолати дармон наме пазирам