Муддатӣ то ба ғами ҳоли ҷаҳон май созам
Шарҳи ҳолеи зи сари шавқи ҳамеи пардозам
Чун кабӯтари бачаи ков дар ватанаш инс гирифт
Ба сари кӯии таманнои ту дар парвозам
Чанд ронии ман длсўхтаҳро аз бар хеш
Ба хилоф эй санами охир нафасӣ бинавозам
Як замони сӯии ман хастаи маҳҷӯри хиром
То дилу ҷону ҷаҳон дар қидмат андозам
Гарчи бозат ба ҳавас бо дгарӣ ҳаст ҳаво
Дар ҳавои шаби дидори ту чун шаҳбозам
Сари ишқи рухи ту дар дили мо буд ниҳон
Лек шуд фош чу не дар ҳамаи олами розам
Ба ҷаҳонгар назарӣ мекунӣ аз ғояти лутф
Ду ҷаҳонро чаҳ маҳал ҳар се ҷаҳон дар бозам