Агар бо давлатат поянда бошам
Ба пеши бандагонат банда бошам
Бинозам пеши ҷонат то бимирам
Бимирами пеши ту то зинда бошам
Расм аз давлати васлат ба комӣ
Агар бо толеъ фархунда бошам
зи сар хушнӯд бошам он замонӣ
Ки пеши пои ту афканда бошам
Гарм дар соя ӣ меҳрат буд ҷой
Чу хуршеди ҷаҳон тобанда бошам
Ту султонии зи ҳикмат сар напечам
Дарин малики ҷаҳон то банда бошам