Ту шамъӣу миннат парвона бошам
Ба ишқат дар ҷаҳон афсона бошам
Асири ғам ба ёди ошноӣ
зи васлат то ба кӣ бегона бошам
Мусалсали монда дар занҷири зулфаш
Ба зорӣ то ба кӣ девона бошам
Ту бар тарафи чаман дар шодӣ ва ман
Бад-ӣни сон бо ғамат ҳамхона бошам
Аз он холи сиёҳу зулф чун дом
Чу мурғӣ дар ҳавоӣ дона бошам
Надонам то ба кӣ ҷон дар кафи даст
Хурушон дар пай ҷонона бошам
Дарин дарё ки мавҷаши хӯни длҳост
Ба ҷусту ҷӯии он дурдона бошам
Ҷаҳон вайрон шуд аз ошӯби ҳиҷрат
Чаро ман худ дарин вайрона бошам
Дилами бӯсии зи лаълат хост гуфтам
Агар фармон диҳад парвона бошам