Сарви қади ту ҳазор дастон дорад

Бар рӯй чу гули ҳазор дастон дорад

Аз шевагарӣ дар шикан ҳар зулфӣ

Сад шева ва сад ҳазор дастон дорад