Зулфат чу бунафшаи печ ва тобӣ дорад

Лаъли ту чу оташаст ва обӣ дорад

Гуфтам ки чу чашм ту набошад мастӣ

Гуфто ки ба ҳар гӯша харобӣ дорад