Чун мурғи саҳар дар ғам гулзор бинолад
Аз ғами дили девонаи ман зор бинолад
Ҳар кас ки ба гӯшаш бирасад нолаи зорам
Бар дарди ман сӯхта бисёр бинолад
Бар сӯзиши ман ҷони зан ва мард бисӯзад
Вази нолаи зорам дар ва девор бинолад
эй онкии зи дардат хабарӣ нест макун айб
Гар сӯхтае аз дил аФгор бинолад
Гар хастае аз дард бинолад чаҳ тавон гуфт
Айбӣ натавон кард чу бемор бинолад
Аз ё раби сӯфӣ ки ба солус занад ба
Риндӣ ки ба сӯз аз дар хумор бинолад
Он дӯст махонед ки аз дӯсти бигардад
Ва он ёр махонед ки аз ёр бинолад
Рӯзяш халосӣ бинмоӣанд ки то чанд
Андари қафаси он мурғ гирифтор бинолад
Ҳар шаб чу ҷалол аз ғами он ғамза чаҳ нолӣ ?
Ҳар кас ки хӯрд тир ба ночор бинолад