Боз дар савдоӣ ӯ имрӯз ҷон хоҳам фишонд
Остини шавқ бар ҳар ду ҷаҳон хоҳам фишонд
Гар бигирад дасти ман дар пош сар хоҳам фиканд
Вар бихоҳад ҷони ман бар вай равон хоҳам фишонд
Меҳри рӯйишро дафин дар кон дил хоҳам ниҳод
Тухми ишқаш дар хароби обод ҷон хоҳам фишонд
Ҳаст чизе дар хури рӯйиш ки онро ном нест
Чашми бадро ҷони спндосо бар он хоҳам фишонд
То барояд номи мо аз ошиқӣ дар ҳар замин
Донаҳои ашки худ бар ҳар карон хоҳам фишонд
зи оташи ҳиҷрон чу бар ёд ояд умеди висол
Бас ки оби дида дар ин хокдон хоҳам фишонд
Субҳдам ҳамчун ҷалол аз тоби меҳр рӯй ӯ
Оташи оҳ аз замин бар осмон хоҳам фишонд