Чашму абрӯят ба дили бурдан қиёмат ме кунанд
Бедилонро бутаи тир маломат ме кунанд
эй мусулмонон ! ду чашмаши зер абрӯ бингаред
Кофарони маст дар миҳроб имомат ме кунанд
Ҷону сар , бали дайну дунёро чаҳ қадар эй муддаӣ !
Ошиқони аввали қадами тарк тамомат ме кунанд
Бо майу шоҳид ба поён мебаранд аҳли назар
Панҷ рӯзии кандарин манзил иқомат ме кунанд
Ман саломат ҷӯ шудам , лекини ду чашми масти ту
Қасди ҷони мардуми соҳиб саломат ме кунанд
Даст бар сар май занам чун сарви азин ғам то чаро
Сарвро нисбат бидон боло ва қомат ме кунанд
Куштагони теғи бедоди фироқат чун ҷалол
Дар лаҳадҳо хок бар сар то қиёмат ме кунанд