Ҳайҳот ки номам ба забон ту барояд
ё ҳамчуи туеро чу манӣ дар назар ояд
Гар рӯзи аҷал бар сари болини ман ое
Ман зинда шавам боз чу умрам ба сроид
Гар ком ту инаст ки ҷонам ба лаби оре
Мақсӯд ман онаст ки ком ту барояд
Мадҳуш шавад ошиқ агар чашм ту бинад
Мастӣ ки ба майхона равад бехабар ояд
Аз соғари савдои ту ҳар сар ки шавад маст
Зон сон равад аз даст ки аз пои даройад
Ҳар тир ки бар хаста задӣ коргар афтод
Ҳар оҳ ки маҷрӯҳ занад коргар ояд
Ҳамчун қаду хад ту мапиндор ки дар боғ
Як сарв кашид қомат ва як гул ба барояд
Он ков чу ҷалоласт гадои сари Кувайт
Шоҳии ҷаҳон дар назараш мухтасар ояд