Гашти хат бар гирди он рухсор чун гулнори сабз

Ҳамчу дар боғӣ ки гардад домани гулзори сабз

Рафт он каз ҷаври гесуяши ҷаҳон будӣ сиёҳ

Зини пас аз давр хаташ гардад дару девори сабз

Боғи рӯйиш сабз шуд вази баҳри чашмаш дархур аст

Боғ фармоед то бинад гуҳии бемори сабз

Дар азали наққош чун нақш изораш ме кашид

Гўиё кард аз ғалати ногуҳи сари паргори сабз

Бахт бо зулфаш фитоду дида бар хаташи ниҳод

Толеъи хуфтаи сиёҳу давлати бедори сабз

Бар фарози қоматаши гулзори ҳасан ар сабз шуд

Сурхи гул бар сарв агар бошад шавад ночори сабз

Андарин мавсим ки аз акси руху рашки хаташ

Гашти ҷони лолаи хӯну домани кҳсори сабз

Хез то айшӣ ба ком дил баронем аз баҳор

Зонка бе мо бӯстон хоҳад шудан бисёр сабз

Ҳар саҳаргаҳи оҳи ман чун меравад бар осмон

намекунад ойӣна на чарх аз зангори сабз

Гар намегардад зи ашки сурху зардии рухам

Кӣ зи ранги худ бигардади тӯтии минқори сабз

Ҷуз ки дар бустони шеъри пари раёҳини ҷалол

Ман надидам қитъае дар гулшани ашъори сабз