эй лаъли ту кони офариниш

Дар дасти ту ҷони офариниш

Нагузашта ба танагии даҳонат

Чизе ба гумони офариниш

Лаълат намакасту абрувонат

Бисми аллоҳ хон офариниш

Дар васфи даҳони ту чу сӯсан

Лоласт забони офариниш