Мо буридем ба даврони ту аз коми тамаъ
Ҳар ки шуд пухта даврон набӯд хоми тамаъ
Аз лаби лаъли ту дандон тамаъ баркандем
Ком чун нест буридем ба нокоми тамаъ
Ту гадоӣ ки дил аз ҳар ду ҷаҳон май хоҳӣ
Аз гадоён натавон доштани анъоми тамаъ
Ба ту зи оғоз тамаъ кардам аз он хор шудам
Бикунади хори касонро ба саранҷоми тамаъ
Дида то чашм ту бинад накунад хоби хаёл
Дил ки зулфати талабад кӣ кунад ороми тамаъ
Сояи вогирӣ ва бӯе нафаристӣ ҳаргиз
Пас чаҳ дорам ба ту эй сарви гули андоми тамаъ
Дӯстро аз ман дили хаста ҷудо кард айём
эй дариғо на чунин буд зи айёми тамаъ
Офият нест дар он кӯй ки хмороннд
Нек номӣ макун аз мардуми бадноми тамаъ
эй табиб ! аз сари бемори Марв то фардо
Нест имрӯз ба тимори ту то шоми тамаъ
Аз тамаъ буд ки дар дом ғам афтод ҷалол
Аз ҳавои мурғи дарорад ба сӯии доми тамаъ