Ғулғули михўоргону ғулғулаи чанг

Турфаи намояд ба тарафи боғи шбоҳнг

Ахтари шодӣ чу дар қадаҳ бадарахшад

Ғами натавонади қадами ниҳод ба фарсанг

Бода гусорон намедиҳанд май аз даст

Парда сароён намениҳанд даф аз чанг

Ҳамчу ба давр гуласт нолаи булбул

Бода ки дар гардишасту ғулғулаи чанг

Лолаи ту гӯйии зи шохи сарв шукуфта аст

Бар кафи соқии сарви қад май гулранг

Бар гули раъно назора кун ки бибинӣ

Чеҳраи гули чеҳру ранги гӯнаи авранг

Саркашад аз ғунчаи сарв рост наёяд

Суҳбати озодагону мардуми дилтанг

Оташи ҷон манаст бар дили ҷонон

Лолаи ҳмро ки сар баровард аз санг

Нанг буд каз ҷалоли ном бар ояд

Мардуми авбошро зи ном буд нанг