Давр нишот омаду даврони гул
Базми тараби соз дар айвони гул
Гулшани ҷон тоза кунад ҳар саҳар
Гиряи абру лаби хандони гул
Дил бигушоед ба чаман то кушод
Боди саҳари гӯии гиребони гул
Пои ману рақсу тавофи чаман
Дасти ману соғару домони гул
Мавсими шодии сет чаҳ хӯн ме чакад
Аз сипари лолау пайкони гул
Ҷоми ҷам аз даст манеҳ зонка зуд
Боди баради тахти сулаймони гул
Сарв аз он ёфт баландӣ ки ӯ
Чатр кашад бар сари султони гул
Хез ки ҳар субҳи гул афшон кунем
Пештар аз субҳи гули афшони гул
Бода ба даври ор , ки даври ҳаёт
Зуд заволаст чу даврони гул
Мурғи саҳарро чаҳ навои баъди азин
Зон ки ҷалоласт санохони гул