Ҳаме хоҳам ки то ман зинда бошам

Ту султон бошӣ ва ман банда бошам

зи ғами мардум ки ҷони дигароне

Ба ҷони дигарон чун зинда бошам ?

Раво набӯд ки ҷони доруии лаълат

Баранд ағёр ва ман ҷон канда бошам

Барин дар ман чу сарвами дигарон гул

Раванди эшон ва ман поянда бошам

Бизан обӣ бар ин дил варна бинӣ

Ки оташ дар ҷаҳон афканда бошам

Басон ғунчаам дар банди номӯс

Ки дили пурхӯну лаб пурханда бошам

Намирам чун ҷалоли ало ба дардат

Агар бо толеъӣ фархунда бошам