Соқӣ бидиҳ ба бодаи халосами зи чанги ғам

Бинмоӣ ранги шодӣ ва бизадой занги ғам

Сурхоби шер гир биовар ки пуркунад

Майдони зи хӯни лаъл чу ояд ба ҷанги ғам

Сарҳанги рӯзгор ба сад лаъиб ҳар замон

Дар гардан дилам фиканд полҳнги ғам

Пеши ори обгинаи шодӣ ки рӯзгор

Бишикаст обгинаи дилро ба санги ғам

эй ғофили замона ! мабар беш азин хаёл

Дилро асир ва хаста магардон ба чанги ғам

Аз ҷом офтоб барафрӯз машъалӣ

Дар дил ки ҳаст хонаи торику танги ғам

Рӯем ҳар онкӣ бидид бидонаст ҳоли ман

Каз чеҳраам муъоина пайдост ранги ғам

Бурдор ҷоми бода ки дар дасти ту эй ҷалол

Дарёӣ шодӣаст чаҳ бок аз наҳанги ғам