Алмнаҳи ллаҳ ки баромади ҳамаи комам

Ваон оҳӯии пидроми дарафтод ба домам

эй бахт ! биё бар ман ва бар хеш назар кун

То худ ту кадомӣ ва ман имрӯзи кадомам ?

Иқбол қаринам шуду маҳбӯби рафиқам

Олам ба муродам шуд ва , айём ба комам

Моро на сари ҳур ва на пурвой биҳишт аст

Ҳураст марои ёр ва биҳиштаст мақомам

Дар сояи хуршеди ҷамоли ту ҳамаи умр

Хуршед саодат наравад аз сари бомам

Будӣ ҳама чун шоми зи ҳиҷрони ту субҳам

Ва акнӯн ҳама чун субҳ шуд аз рӯй ту шомам

Саргаштагии ҳиҷри ту бар ман ба саромад

Зини пас ҳама дар гулшани васли ту хиромам

Саҳласт гарми умр ба сахтӣ ба сроид

Ин ком ки ман ёфтам аз умри тамомам

Зон рӯз ки номам ба забон ту барояд

Дар авҷ ҷалоласт зи иқболи ту номам