Он абрӯ ва рух нест ҳилол ва қамараст он

Ваон ориз влб нест ки шамъ ва шукраст он

Гар дардисарӣ ҳаст турои роҳат ҷон аст

Вари роҳати дил май талабӣ дардисараст он

Сайлоб ки бар чеҳраам аз дида равон аст

Бозича мапиндор ки хӯн ҷигараст он

Бадномии ушшоқ ки дар чашми ту айб аст

Назд ман агар айб нагирӣ ҳунараст он

Айбу ҳунараш зуд шавад фош ҳар он чиз

Кандар назари мардуми соҳиб назараст он

зи ошуфтагӣ ошуфта кунад ҳоли ҷаҳонӣ

Зулфи ту ки сари фитнаи давр қамараст он

эй хоҷаи ҳушёр ! ба сари манзили хубон

Оҳистаи қадам на ки мақом хатараст он

Покизатар аз ҳасани рахтро сифатӣ ҳаст

Аз ҳасан фузунаст ки чизе дигараст он

Тарсам ки хаёлат чу қадами ранҷаи намояд

Дар дидаи ман ҷой намонад ки тараст он

Ин ком ҷалоласт ки дар пой ту мерад

Аз хеши маронаш ки зи маргаш бтараст он