Макун вази меҳрбонон рӯ магардон

Марои ошуфта чун гесу магардон

Гиреҳ дар чин пешонӣ Маяфкан

Шикан дар гӯша абрӯ магардон

з торикӣ макун рӯзи марои шаб

Ба борикии маро чун мӯ магардон

Маро аз ҷумлаи олам рӯй дар тест

Ту аз ман рӯ ба дигар сӯ магардон

Аз он чавгон ки дорӣ бар сари дӯш

Азин сонам ба сар чун гӯ магардон

Ҷигар хӯнасту чашмат то кӣ охир

Чунин беморро бдхў магардон

Маро дар ҷусту ҷӯии худ азин сон

Басони бод дар ҳар кӯ магардон

Ҷалол ар содиқӣ дар ишқи бозӣ

зи пеши тирборон рӯ магардон