Чун сояи манам фаттону хезон

Вази сояи хештани гурезон

Борӣкаму дардноку дилсӯз

Монанди чароғи субҳи хезон

Дар кунҷи харобае ба танҳо

Дил танг нишаста ашки резон

Бо ахтари хеш дар лиҷоҷат

Бо толеъи хештани ситезон

Гар хоки ҷалолро ббизнд

Мадҳуш шаванд хоки безон

Рамзӣ гуфтам ки шакли он ро

Идрок кунанд зеҳни тезон