Чаҳ накҳатаст магари буи бӯстонаст ин

Чаҳ давлатаст магар рӯй дӯстонаст ин

Алоҷи ин тани ранҷур нотавонаст он

Давои ин дили маҳҷӯри пар фиғонаст ин

Аҷаб ки ҷӯшаши сафрои ишқ афзӯн аст

зи ашки дида ки монанди новдонаст ин

Бирафт булбули шайдо чу ман ба тарафи чаман

зи дасти дӯст ба дастон чаҳ достонаст ин

Кунун кафи ману ҷоми шароб , эй зоҳид !

Марост суд дар онгар туро зиёнаст ин

Хушо касе ки ба ғифлати з даст нагузорад

Аннани умр ки бо боди ҳам Аннанаст ин

Ҳар он ки дид ба фасли баҳори оҳи маро

Гумони барад ки магари мавсим хазонаст ин

Киро фиристам то бо лабаш сухан гуяд

Магари насими саҳарро ки кор ҷонаст ин

Ҷалол ! тарафи гулистону суҳбати ёрон

Мадаи зи даст ки худ ҳосил ҷаҳонаст ин