Чаро гул мекунад бедоди чандин ?
Ки булбул мекунад фарёди чандин
Саросари сарви озодат ғулом аст
Ки дорад бандаи озоди чандин
Агар гули ранг рухсорат бидидӣ
Ба ҳасан худ набӯдӣ шоди чандин
Ҳазар кун аз даруни дардмандон
Макун бо ошиқони бедоди чандин
Сари зулфи тугар бодаши набардӣ
Чаро сарҳо шудӣ бар боди чандин
Чаҳ сайласт инки аз чашмам равон аст
Набошад диҷлаи Бағдоди чандин
Ба бӯят зиндаам умрии сети врнӣ
Нишоед зистан аз ёди чандин
Ҷалол ! он қомату боло назар кун
Макун васфи гулу шамшоди чандин
Мадон нолиданам аз ҳафт гардун
Ки борӣ май кашами ҳафтод чандин