Оҳӣ ки ман хаста барорам зи ҷигаргоҳ

На парда афлок бисӯзам ба саҳаргоҳ

Аз ишқи нтрсидму бунёди маро буд

Уфтад ба хатар ҳар ки натарсад зи хатаргоҳ

Бар садри салотин чу ба маснад биншинанд

Шартаст ки дарвеш наронанд зи даргоҳ

Гар турраи ънбршкн аз ҳам бигушое

Пинҳон кунад андоми туро то ба камаргоҳ

Сарвӣ ки наёбанд турои ҷуз ба хиромаш

Моҳӣ ки набенанд турои ҷуз ба гузаргоҳ

Бар чарх тафохур кунам он дам ки даройӣ

Монандаи хуршеди маро аз дар харгоҳ

Он ғамзаи хӯни рез ки мастасту сияҳи дил

ӯро з чаҳ рӯи равза хулдаст назаргоҳ

Ҳам лутфи хаёлат ки қадами ранҷаи намояд

Воид бар болини ман хаста ба ҳаргоҳ

Аз чашми ҷалол ар бчкди хӯн , аҷабӣ нест

Ночор равад хӯн чу буд риши ҷигаргоҳ