Қадаҳӣ нӯш куну ҷуръа ба махмурони даҳ
Нўшдорўи зи лаби лаъл ба ранҷурони даҳ
То равад офияти мардуми мастур ба бод
Хабари мастии он ғамза ба мастурони даҳ
Гуфтае ҳар ки кашад ҳиҷр ба васлам бирасад
эй сабо ! лутф кун ин мужда ба маҳҷӯрони даҳ
Дили мо гарму ҳавои гарму биёбон дар пеш
Шарбатии сард агарат ҳаст ба мҳрўрони даҳ
Дидаи як лаҳзаи мадор аз рухи хубони холӣ
Чашмро равшанӣ аз талъати манзурони даҳ
Шаби мо тира шуд эй моҳи дили афрӯзи броӣ
Нури рӯят ба шаби тира бе нурони даҳ
Ба гадоӣ дарат ном баровард ҷалол
Мансаби салтанати васл ба машҳурони даҳ