Биовар эй бути соқии шароби дӯшина

Бизан бротшми имрӯзи оби дӯшина

Чаҳ азм буд ки дишаб бирафтӣ аз бар мо

Чаҳ буд рост бигӯ он шитоби дӯшина

Куҷо ба хоб равад бе ту чашми ман имшаб

Ки дар канори ту хуш буд хоби дӯшина

Ҳазор шамъ ниҳодему хона торик аст

Чу нур май надиҳади моҳтоби дӯшина

Ҳамон сиришк ва ҳамон дил баҷост то доне

Ки ҳозираст шаробу кабоби дӯшина

Ғуломи хештанами хондае ба мастии дӯш

Серуми зи чархи гузашт аз хитоби дӯшина

Мадаи шароб ба мо имшаб эй надим ки мо

Ҳануз бе хабарем аз шароби дӯшина

Муоширони ҳама ҳушёр гаштаанду ҷалол

Ҳануз бе худу масту хароби дӯшина