эй ба бозори ғами ишқи ту сад ҷон ба ҷӯй

Худ туро нест ғами ҳоли асирон ба ҷӯй

То ки даллоли ғамати ҳалқа ҷонбозон дид

намезанад наърау фарёд ки сад ҷон ба ҷӯй

Гар кунад доси фано хирман ҳастӣ ҷӯҷу

Бар ман бе хабари волаи ҳайрон ба ҷӯй

Кори олами ҳамагар бесар ва сомон гардад

Бар ман сӯхта бе сарви сомон ба ҷӯй

Ҷоми ҷамшед ба ман даҳ ки наярзад бар ман

Ганҷи қорун ба ду ҷӯи малики сулаймон ба ҷӯй

Пеши мо ҷузи сухани бода ва паймона магӯӣ

Ки наярзад ҳамаи олам бар риндон ба ҷӯй

эй фалак ! гармии бозор ба як нон чаҳ кунӣ ?

Ҳаст дар малики дили мо сад азин нон ба ҷӯй

Гар тавон дид ба бозори қиёмати рухи дӯст

Ҳеҷ ошиқ нахирад равзаи ризвон ба ҷӯй

Ҷон бидодем зи ишқ ва бар ҷонон ҳеҷ аст

Сӯхт дар дарди ҷалол ва бар дармон ба ҷӯй