Ҳар кас ба ҷусту ҷӯӣ ҳар гӯша гуфту гӯйӣ
Дар пардаи висолаши кас раҳ набарда бӯе
Як чанд бути шикастанди як чанд бут парастанд
Дар ҳар сиррии ҳавои моро ҳавои рӯе
Ҷое ки ҳозир ояд хубон ҳар ду олам
Рӯй дилам нагардад зон рӯ ба ҳеҷ рӯе
Аз ошиқон барояд ҳар лаҳзаҳои ҳоӣ
Ваон шӯх мефазояд ҳар рӯзҳоиу ҳўиӣ
Гар ҷон дар орзӯяш бар лаб расад чаҳ бошад
Саҳласт агар барояд ҷонӣ дар орзӯе
Чун бод субҳгоҳӣ багушӯд банди зулфаш
Дидам дили ғаминро овехта ба мӯе
Дар кӯии дӯсти зинҳор ! оҳиста на қадам ро
Каз кӯй ӯ ба дар нест роҳӣ ба ҳеҷ сӯе
Як дами хаёли қадаш аз дида нест ғоиб
Сарвӣ чунин наравед бартарафи ҳеҷ ҷӯӣ
Рӯзӣ ҷалол мегуфт аз рози ишқи рамзӣ
Афтод дар забонҳо зон рӯз гуфту гӯйӣ