Чун ту гулӣ дар ҳама гулзор нест
Чун ту шукр дар ҳама бозор нест
Нома ба поён шуду боқии сухан
Қиссаи мо дар хур тӯмор нест
Ҳар ки гирифтор ту шуд ҷони супурд
Вой бар он кас ки гирифтор нест
Ёр ба ҷонӣ агар ояд ба даст
Ҳарза магӯӣед ки бисёр нест
Шайх ба масҷид шуду рҳбон ба дайр
Манзили мо ҷуз дар хумор нест
Лашкари султони сафи ишқ ро
Рояти Мансур ба аз дор нест
Ҳар ки ба олами пай ёрӣ гирифт
Ваа ки ман сӯхтаро ёр нест
Шаб ки кунам нолаи зи дарди фироқ
Кас ба ҷуз аз бахти ту бедор нест
Ҷону дилу сабру тану ақлу ҳуш
Рафт ва чу ман ҳеҷ сбкбор нест
Нест харидори ту танҳо ҷалол
Кист ки аз ҷонат харидор нест