Шавқи туами боз гиребон гирифт
Ашк давон омад ва домон гирифт
Саҳл буд тарки ду олам , вале
Тарки руху зулф ту натавон гирифт
Ҷони манӣ , бе ту нафас чун занам
Зон ки маро бе ту дил аз ҷон гирифт
Ҳар ки чунин фурсатӣ аз даст дод
Бас ки сарангушт ба дандон гирифт
Ориз ӯ то ба дароварди хат
Хурдаи басӣ бар ма тобон гирифт
Холи ту бар лаъли лабат даст ёфт
Мӯрчае малик сулаймон гирифт
Дили талаби каъба рӯй ту кард
Ҳалқаи он зулф парешон гирифт
Мо ва майу тарафи гулистон ки боз
Боди сабои роҳ гулистон гирифт
Бе маи рухсору шаби зулфи ту
Хотирам аз шамъ ва шабистон гирифт
Ҷони ҷалол аз ҳама олам бараст
Вази ду ҷаҳони доман ҷонон гирифт