Рози ғами дӯстон ба кас натавон гуфт

Ҳарчӣ бибинанди боз пас натавон гуфт

Валвалаи шавқро ҳаво натавон хонд

Ғулғулаи ишқро ҳавас натавон гуфт

Дар дили мо ақлу ишқ рост наёяд

Съўаҳу симурғи ҳам қафас натавон гуфт

Чист ҷаҳон то маро ба чашми даройад

Бар лаби дарёи ҳадис хас натавон гуфт

Раҳ ба саропардаи ту ақл наёрад

Манзили симурғ бо магас натавон гуфт

Гарчи марои ҷузи ғами ту ҳам нафасӣ нест

Рози ғамати пеши ҳам нафас натавон гуфт

Ҳеҷ касонему сари ҳеҷ касе ро

То ба ту гуфтам ба ҳеҷ кас натавон гуфт

Қиссаи дили хостам ки бо ту бигӯям

Дидам дили пеши тест пас натавон гуфт

Васл наёбӣ ҷалол зон ки гадо ро

Дар ҳарами шоҳ дастрас натавон гуфт