Бӯеи зи сари зулф ба олам нафиристод
Кандар пай ӯ қофила ғам нафиристод
То турра ӯ рӯзи ҷаҳонро ба шаб оварад
Маҳтоби Рахши нур ба олам нафиристод
Фарёди ман аз даст табибаст ки донист
Аҳволи дили ришам ва марҳам нафиристод
Гуфтеми қадам ранҷа кунад бар сари бемор
Мардем ва касе низ ба мотам нафиристод
Бар дасти сабои бӯе аз он зулфи диловез
намегуфт ки бифиристам ва он ҳам нафиристод
Дар бодия аз тишнагӣам ҷон ба лаб омад
Ва ӯ шарбатӣ аз чашма замзам нафиристод
Нақши рух ӯ ҳайф ки бар ҷон ҷалол аст
Каси ҳури биҳиштӣ ба ҷаҳаннам нафиристод