Чун маро бар рухи хубат назар афтод
Оташи ишқи туам дар ҷигар афтод
Пой чун дар раҳи ишқи ту ниҳодам
Дар сари ман ҳаваси тарк сар афтод
Ҷони зи ман хостае бар ту фишонам
Чун турои чашм бар ин мухтасар афтод
Бар рухами дида ҳар он қатра ки борид
Гавҳарӣ буд ки бар рӯй зар афтод
Пеши азин расми ту дилҷӯеи мо буд
Худ чаҳ афтод ки ин расм бар афтод
Чун гуҳари рустаи дандон ту дидам
Гавҳари ашки худам аз назар афтод
Дар чамани сарв чу болой туро дид
Шуд саросема ва аз пои дарафтод
Омад аз толеъи худ неки ғарибам
Ки туро назд ғарибон гузар афтод
Чун ҷалол аз азал омад ба ҷаҳони маст
Лоҷарам то ба абад бехабар афтод